Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расмуссен: НАТО бояд ба хуруҷ аз Афғонистон омода шавад


Дабири кулли Паймони Атлантики Шимолӣ, Андерс Фоғ Расмуссен мегӯяд, нерӯҳои НАТО бояд ба супурдани масъулияти амният ба нерӯҳои давлати Афғонистон омода шаванд. Вай гуфт, ба бовари ӯ, вазъи амниятӣ дар ин кишвар беҳтар шудааст ва чунин гузариш имконпазир аст. Расмуссен изофа кард, ки таърихи дақиқи хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ ба вазъи воқеӣ бастагӣ хоҳад дошт. Кишварҳои узви НАТО қарор аст, моҳи ноябр дар Португалия масъалаи таҳвили масъулият бар дӯши нерӯҳои Афғонистонро ба шумули ҷадвали замонии он барои ҳар вилоят баррасӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG