Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешгирӣ аз як талоши дуздии 60 қуттӣ чатр


Расонаҳои русӣ мегӯянд, 6 шаҳрванди Тоҷикистон дар кӯчаи Деловаяи шаҳри Маскав бо як мошини пур аз чатр боздошт шудаанд. Ба гуфтаи мақомот, онҳо шаби гузашта бо таҳдиди туфанг вориди амбори ширкати “Алфа КМЛ” шуда, 60 қуттӣ чатр ба маблағи 6 миллион рубл, муодили беш аз 200 000 долларро ба яғмо мебаранд. Аммо пеши роҳи мошини боркаши тамғаи МАЗ-и онҳоро дар кӯчаи Деловая маъмурони милиса гирифтанд.
Алайҳи шаҳрвандони тоҷик бо иттиҳоми ғоратгарӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ин мавриди бузургтарин мавриди дуздии чатр дар Русия ном бурда мешавад. Расонаҳои русӣ аммо мепурсанд, ки барои ҳамагӣ 6 нафар ин қадар чатр чӣ лозим буд? Магар гармои бесобиқа акнун бо боронгариҳои низ бесобиқа табдил хоҳад шуд?
XS
SM
MD
LG