Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи табрикии сафорати Амрико ба мардуми тоҷик


Сафорати Амрико дар Душанбе ҷиҳати равобити дарозмуддат бо Тоҷикистон ба манзури тақвияти ҳамкорӣ дар соҳоти “амнияту рушд ва ҳокимияти шаффофу одил” изҳори омодагӣ карда, гуфтааст, Вошингтон низ ба навбаи худ дар оянда чашмдори ҳамкориҳои тӯлонӣ бо мардуми Тоҷикистон аст. Сафорати Амрико дар як нома солгарди 19-уми истиқлолияти Тоҷикистонро ба мардуми тоҷик табрик гуфтааст.
Қонуни истиқлоли Тоҷикистон рӯзи 9 сентябри соли 1991 тасвиб шуд. Соле пеш, ки ҳанӯз Иттиҳоди Шӯравӣ побарҷо буд, парлумони Тоҷикистон эъломияи истиқлолро тасвиб карда буд.
XS
SM
MD
LG