Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози амрикоиён ба сӯзонда шудани Қуръон


Фармондеҳони нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон аз пайомадҳои нақшаи як калисои хурди насронӣ дар Амрико, ки гуфтааст, дар рӯзи ёдбуди ҳамлаҳои террористии 11-уми сентябр нусхае аз китоби муқаддаси мусулмонон Қуръонро ба оташ хоҳад кашид, ҳушдор додаанд. Онҳо гуфтаанд, ин амал метавонад, ҳаёти сарбозони Амрико дар Афғонистонро зери хатар гузорад. Генерал Дейвид Петреус, фармондеҳи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида ва НАТО дар Афғонистон дар изҳороте гуфтааст, сӯзондани Қуръон метавонад барои Иёлоти Муттаҳида на танҳо дар Афғонистон, балки дар манотиқи дигари ҷаҳон низ мушкилот ба бор орад. Сафорати Амрико дар Кобул низ нақшаи калисои Дау Ворлд Аутрич Сентер дар Флоридаро маҳкум кард. Намояндагони калисо мегӯянд, бар ин боваранд, ки ислом дини хушунат ва табъиз аст. Бар зидди ин нақша чандсад нафар рӯзи душанбе дар Кобул даст ба тазоҳурот заданд.
XS
SM
MD
LG