Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назари Путин ба интихоботи президентии соли 2012


Сарвазири Русия, Владимир Путин мегӯяд, ҳанӯз дар бораи ширкаташ дар интихоботи президентии соли 2012 тасмим нагирифтааст. Вай афзуд, барои чунин тасмим ҳанӯз фурсат нарасидааст. Путин шарики калонӣ дар дугонаи ҳоким бо Медведев мебошад, ки соли 2008 бино бар манъи қонуни асосӣ аз президентӣ даст кашид, аммо акнун баъд аз як давр дар интихоботи навбатӣ вай ҳаққи ширкат дар интихобот ва раёсати нави шашсоларо пайдо мекунад. Путин ва Медведев гуфтаанд, бо машварати пешакӣ танҳо яке аз онҳо дар интихоботи соли 2012 ширкат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG