Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иллати марги Олег Бебенин таҳқиқ хоҳад шуд


Фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, ба хотири таъйини иллати марги ҳомии маъруфи ҳуқуқи башари Беларус Олег Бебенин ташхиси додгоҳӣ анҷом дода хоҳад шуд. Ҷасади Бебенин рӯзи ҷумъаи 3 сентябр дар бӯстонсарои тобистонаи ӯ дар фосилаи начандон дуре аз шаҳри Минск кашф шуд. Вазорати умури дохилаи Беларус гуфт, таҳқиқи муқаддамотӣ кадом нишонаи ҳалокати ҷабрии ҳомии ҳуқуқи башарро пайдо накардааст.
Бебенин дар гузашта муовини сардабири нашрияи мустақили “Имя” буда, соли 1998 як гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи башарро бо номи “Чартер-97” таъсис дод, ки сомонаи интернетиаш аз давлати раисиҷумҳури феълии Беларус Аляксандр Лукашенка интиқод мекард.
XS
SM
MD
LG