Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расми ифтитоҳи пойгоҳи ҳавоии Айнӣ


Рӯзи ҷумъа дар ҳузури раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расми ифтитоҳи фурудгоҳи низомии Айнӣ барпо шуд.
Ношири хабар – ожонсии “Авасто” мегӯяд, барои бозсохти ин фурудгоҳи воқеъ дар 15-километрии ғарби Душанбе беш аз 70 миллион доллар масраф шуд, ки як қисми умдаашро Ҳинд пардохт кардааст. Пойгоҳи Айнӣ қаблан танҳо барои парвози чархболҳо ва ҳавопаймоҳои сабуки дорупош истифода мешуд, вале акнун майдони фурудгоҳ то ба 3 200 метри мураббаъ тавсиа ёфта, анҷоми парвози тамоми анвоъи ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи Айнӣ мумкин шудааст.
XS
SM
MD
LG