Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқи Нетаняҳу ва Аббос дар Вошингтон


Раҳбарони исроиливу фаластинӣ дар бораи силсилаи гуфтугӯҳои мустақим тавофуқ карданд. Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ва раҳбари фаластиниҳо Маҳмуд Аббос рӯзи панҷшанбе дар пайи музокирот дар Вошингтон, ки нахустин гуфтугӯи мустақим дар тақрибан 2 соли охир буд, ҷиҳати як мулоқоти дигар дар таърихи 14 ва 15 сентябр тавофуқ карданд.
Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон гуфт, барои ин ду раҳбар фурсате пеш омада, ки низоъи Ховари Миёнаро хотима диҳанд: "Шумо фурсате доред, ки ба ин низоъ ва даҳсолаҳои хусумат байни мардумони шумо якбора ва барои ҳамеша нуқтаи таммат бигузоред.”
Музокироти Вошингтон бо ибтикори раисиҷумҳури Амрико Барак Обама доир шуда, ба ҷонибҳои низоъ барои ҳалли қазия як сол зарбулаҷал медиҳад. Аммо гурӯҳи Ҳамос, ки сарзаминҳои фаластинии навори Ғазаро таҳти назорат дорад, музокироти сулҳро радд карда, гуфтааст, ҳамалот алайҳи исроилиҳоро идома хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG