Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Хуҷанд мошини "Волга" таркидааст


Субҳи ҷумъа, 3 сентябр бар асари таркиши шадид дар қароргоҳи идораи мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд дастикам 25 милиса захмӣ шуданд.
Муҳаммадҷон Назриев, намояндаи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфт, ҳамла бо истифода аз мошини “Волга ГАЗ-24”-и бомбгузоришуда тахминан соати 8 субҳ сурат гирифта, ҳадафи ҳамлагарон ғолибан раҳо кардани 5 гумонбари боздоштшуда дар иртикоби парвандаи қатли раиси собиқи бозори шаҳри Исфара Ҳомидҷон Каримов будааст. Ин гумонбарон, ба гуфтаи сухангӯи вазорати умури дохила, ба Ҳаракати исломии Узбакистон марбут дониста мешаванд.
Бино ба хабарҳо, мақомот дар ҷои ҳодиса чанд хабарнигор, бо шумули хабарнигори Радиои Озодӣ Қамари Аҳрорро боздошт ва дастгоҳҳои аксу наворбардории онҳоро забт кардаанд.
Ба хотири таҳқиқи ҳамлаи Хуҷанд таҳти раҳбарии дабири Шӯрои Амнияти Тоҷикистон Амирқул Азимов куммиссиюни вижае ташкил ва ба Хуҷанд эъзом шудааст.
XS
SM
MD
LG