Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар чоҳи нафт хомӯш карда шуд


Сӯхтор дар чоҳи нафти ширкати Mariner Energy, воқеъ дар халиҷи Мексика ва дар 130 километрии соҳилҳои аёлати Луизианаи ИМА, хомӯш карда шуд. Оташсӯзӣ бар асари таркиш ба амал омад ва дар амалиёти фурӯ нишондани он чархболҳо ва ҳавопаймоҳои Хадамоти ҳифозати соҳили Амрико ширкат мекунанд. Ин Хадамот иттилоъи расонаҳо дар бораи пайдо шудани доғи бузурги нафт дар обҳои халиҷи Мексикаро рад намуд. Гуфта мешавад, ки ҳангоми таркиш дар чоҳи нафт 13 нафар кор мекарданд. Ҳамаи онҳо ба ҷойи бехатар интиқол дода шуданд, як нафар аз коргарон ҷароҳат бардошт.
Моҳи апрел таркиш дар чоҳи нафти ширкати British Petroleum мунҷар ба ҳалокати 11 нафар ва фоҷиаи бузурги муҳитизистӣ дар халиҷи Мексика шуда буд.
XS
SM
MD
LG