Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасмими Бонки ҷаҳонӣ барои афзоиши кӯмак ба Покистон


Бонки ҷаҳонӣ тасмим гирифт, ки ҳаҷми кӯмак ба Покистони аз обхезӣ зарардидаро аз 900 миллион то як миллиард доллар боло барад. Дар ин бора баъд аз мулоқоти раиси Бонки ҷаҳонӣ Роберт Зеллик бо вазири молияи Покистон Ҳафиз Шайх дар Вошингтон хабар дода шуд. Ба гуфтаи Зеллик, Бонки ҷаҳонӣ ин тасмимро дар робита ба зарурати кӯмаки оҷил ба Покистон дар харидории маводи озуқа, об ва дорувор гирифтааст.
Мақомоти Покистон хабар доданд, ки обхезӣ ба кишвар ба маблағи 43 миллиард доллар хисорот ворид кардааст. Аз ин офати табиӣ беш аз 17 миллион нафар осеб дидаанд. Обхезӣ мунҷар ба ҳалокати беш аз 1600 сокини Покистон шуд.
XS
SM
MD
LG