Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори ҳукумати Руанда ба СММ


Ҳукумати Руанда ҳушдор дод, ки дар сурати нашри гузориш оид ба генотсид ё наслкӯшӣ дар Ҷумҳурии демократии Конго низомиёни худро аз ҳайати нерӯҳои посдори сулҳи Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла, дар минтақаи Дорфури Судон, берун мекашад. Дар ин гузориши СММ, ки ахиран пораҳои он дастраси расонаҳо шуд, дар бораи ҷиноёти содиркардаи сарбозони Руанда ва ошӯбгарони маҳаллӣ алайҳи мардуми Конго дар миёнаҳои солҳои 90-ум сухан рафтааст.
XS
SM
MD
LG