Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Клинтон аз заҳролудсозии духтарони афғон


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА, изҳор намуд, ки Вошингтон аз заҳролудсозии толибилмони як мактаб дар шаҳри Кобул шадидан нигарон аст. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоле, ки тафтиши ин ҳодиса идома дорад, толибилмон, ба вижа, духтарон, пайваста мавриди ҳамлаи гурӯҳҳои ифротгаро қарор мегиранд. Хонум Клинтон аз ҷомеъаи байнулмилалӣ даъват кард, ки аз талошҳои ҳукумати Афғонистон барои таъмини дастрасии баробари атфол ба таҳсил пуштибонӣ намояд.
XS
SM
MD
LG