Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин ҷоизаи сулҳи Роҳи Абрешимро таъсис дод


Ҷумҳурии Халқии Чин тасмим гирифт, Ҷоизаи сулҳи Роҳи Абрешимро таъсис диҳад. Он ба афроде тақдим хоҳад гашт, ки дар таҳкими сулҳ ва бунёди муносибатҳои ҳасанаи байнулмилалӣ саҳм гирифтаанд. Кумтаи ин ҷоиза аз дипломатҳои саршиноси Чин, сиёсатмадорони номдори кишварҳои гуногун, намояндагони илму фарҳанг таркиб ёфтааст. Ҳамроҳ бо ҷоиза ба барандагони он 1 миллиону 760 ҳазор юан ё 250 000 доллар тақдим мешавад.
XS
SM
MD
LG