Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши талафоти НАТО дар Афғонистон


НАТО мегӯяд, панҷ сарбози Иёлоти Муттаҳида дар як ҳамлаи бомбгузории сабки Толибон дар Афғонистон кушта шудаанд. Ба ин тартиб аз рӯзи ҷумъа ба ин сӯ 21 сарбози амрикоӣ дар Афғонистон ба ҳалокат расидаанд. Хабаргузории Франс Пресс, ки шумориши талафотро пайгирӣ мекунад, мегӯяд, ба шумули қурбониёни имрӯза теъдоди сарбозони хориҷӣ, ки аз аввали сол то ҳоло дар Афғонистон кушта шудаанд, ба 485 нафар расид. Ҳоло он ки дар тамоми тӯли соли 2009 дар Афғонистон 521 сарбози хориҷӣ ба ҳалокат расидааст.
XS
SM
MD
LG