Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳосираи хонаи Меҳдии Каррубӣ, раҳбари мухолифони Эрон


Бино ба хабари сомонаҳои интернетии эронӣ манзили раҳбари мухолифони Эрон, Маҳдии Каррубӣ аз тарафи ниманизомиёни басеҷӣ ба муҳосира гирифта шудааст. Дар хабарҳо гуфта мешавад, зиёда аз 50 узви Басеҷ теъдоде аз либосмулкиҳои ниқобпӯш дар давродаври хона ҷамъ шудаанд. Ин муҳосира дар ҳоле сар задааст, ки Каррубӣ гуфтааст, мехоҳад дар раҳпаймоии рӯзи зиддиисроилии Қудс, ҷумъаи 3 сентябр якҷо бо тарафдоронаш ширкат кунад. Каррубӣ ва шарики ӯ, раҳбари дигари мухолифон, Мирҳусейни Мӯсавӣ, ҳарду дар интихоботи президентии соли 2009-и Эрон ширкат карданд ва бар ин боваранд, ки тақаллуб дар шумориши оро сабаби шикасти онҳо гашт.
XS
SM
MD
LG