Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқод аз шароити маҳбасе, ки аз он фирор карданд


Раёсати умури ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон камбудиҳои ҷиддии вазъу шароит ва низоми мавҷуда дар боздоштгоҳи тафтишоти пешакии Кумитаи давлатии амнияти миллиро сабаби асосии фирори 25 зиндонӣ аз ин маҳбас мешуморад. Намояндаи аршади раёсат ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ҳуҷраҳои боздоштгоҳи Кумитаи амният аз одитарин шароити амни нигаҳдошти мабҳусон маҳрум буда, чораҳои эҳтиётӣ риоят намешаванд. Сухангӯи Муасcисаи ислоҳии раками 1-и Вазорати адлияи Тоҷикистон, Парвин Ализода мегӯяд, воқеаи мармуз аст, ки сарварони боздоштгоҳи Кумтаи амният ахиран маҳбуси пешини Гуантанамо Иброҳим Насриддиновро бо сабабҳои номаълум аз маҳбаси Қӯрғонтеппа ба ин боздоштгоҳ интиқол ва барояш имтиёзҳо додаанд. Шаби 22 ба 23 август 25 зиндонӣ аз боздоштгоҳи Кумитъаи давлатии амнияти миллии тоҶикистон фирор карданд ва то ҳол талошҳои боздошти онҳо натиҷае надодааст.
XS
SM
MD
LG