Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқод аз бархӯрд ба қазияи ғайбзании Климентиев


Петро Матвиенко, муовини сардабири нашрияи “Новий стил”, чопи шаҳри Харкови Украина, аз тафтиши парвандаи ба таври асроромез ғайб задани ҳамкораш Васил Клементиев изҳори нигаронӣ кардааст. Ӯ дар сӯҳбат бо хабарнигори бахши украинии Радиои Озодӣ гуфт, ки мақомот ба тафтиши ин қазия манфиатдор нестанд.
Васил Клементиев, сардабири нашрияи “Новий стил”, 11 августи соли равон ғайб зад. Петро Матвиенко кундӣ дар тафтиши қазияро бо он марбут кардааст, ки ахиран ҳамкораш дар бораи фаъолияти ғайриқонунии додситони вилояти Харков Серҳей Хачатрян матлаб омода мекард. Петро Матвиенко ҳамчунин афзуд, изҳороти раисиҷумҳур Виктор Янукович ва вазири умури дохилӣ Анатолий Моҳилёв дар бораи таҳти назорати шахсӣ гирифтани ин парванда аз худнамоӣ бештар нест.
XS
SM
MD
LG