Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи набарди артиш бо сел дар Покистон


Артиш ва коргарони Покистон имрӯз барои наҷоти аҳолии шаҳри Тата аз сел ҳолати ҷангӣ доштанд. Аксари 300 000 сокини ин шаҳр пешопеши сели бузург аз он фирор карданд. Намояндаи шаҳрдорӣ Ҳодӣ Бахш Калҳоро мегӯяд, сел дар фосилаи ду километр аз шаҳр аст ва ҳамагон ба таҳкими соҳили селроҳаҳо машғуланд. Аммо наҷоти шаҳри дигари аёлати Синд, Суҷавал имконпазир нашуд ва ҳоло сатҳи об дар кӯчаҳои он якуним метар баланд рафтааст. Боришҳои мавсимӣ, ки имсол то 40 баробар афзоиш ёфтаанд, ба 17 миллион нафар дар Покистон осеб расондаанд.
XS
SM
MD
LG