Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷӯстуҷӯи қотилони кормандони амният дар Русия


Дар Русия ҷустуҷӯи қотилони як зану шавҳар, ки барои Хадамоти Амнияти Федеролии ин кишвар кор мекарданд, идома дорад. Аз ин зану шавҳар ном бурда намешавад. Онҳо рӯзҳои таътили худро дар яке аз минтақаҳои сайёҳӣ ва кӯҳистонии Қабардину Балқар сипарӣ мекардаанд. Дар қаҳвахонае 4 марди ниқобпӯш онҳоро гирифтаанд ва ба назди рӯдхонае бурда, ба қатл расондаанд. Сипас қотилон мошини онҳоро оташ задаанд ва аз маҳали ҳодиса нопадид шудаанд.
XS
SM
MD
LG