Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нусхаи тоҷи Темури ланг барои Ислом Каримов


Мавлонхон Тӯраев-як марди маълул ё инвалид бо аробачаи худ 500 километрро тай кардааст, то дар рӯзи истиқлол 1-ӯми сентябр ба Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Узбакистон тоҷеро тақдим кунад. Мавлонхони 38 сола рӯзи панҷшанбе савори аробчаи худ аз зодгоҳаш Намангон ба Тошканд омад. Вай мегӯяд, ки бо худ тоҷи нуқрагинеро овардааст, ки бо дасти худ сохтааст ва бо сангҳои гаронбаҳо ороиш ёфтааст. Баъд аз вуруд ба Тошканд вай ба Кохи раёсати ҷумҳурӣ рафтааст ва дар бораи нақшаҳои худ ба кормандони он хабар додааст. Онҳо хостаанд тоҷро бигиранд ва онро ба раиси ҷумҳур расонанд. Вале вай тоҷро ба онҳо надодааст. Тоҷ шаш кило вазн ва ҳудуди 1 000 доллар арзиш дорад. Мавлонхон гуфтааст, тоҷ нусхаи тоҷи амир Темур ё Темури ланг аст, ки ба қарни 14 тааллуқ дорад.
XS
SM
MD
LG