Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии сокинони Бодканд аз мири пешини шаҳр


Тақрибан сад нафар аз сокинони шаҳри Бодканди Қирғизистон дар як ҳамоиш хостори дар мақомаш барқарор кардани мири собиқи шаҳр Саидаҳмад Ерматов шуданд. Ба иттилоъи бахши қирғизии Радиои Озодӣ, рӯзи сешанбе волии Бодканд Султонбой Ийгитов Ерматовро аз мақомаш барканор ва ба ҷойи ӯ Ҳошим Раҳимқуловро таъин кард. Волии Бодканд тасмими худро бо даст доштани Саидаҳмад Ерматов дар “бозиҳои сиёсӣ” ва норасоиҳо дар ташкили раъйпурсӣ оид ба Қонуни нави асосии кишвар марбут кард. Ва аммо Ерматов сабаби барканорияшро бо он омил марбут кардааст, ки ӯ аз пуштибонии ҳизби Ийгитов дар интихоботи парлумонии моҳи октябр сарпечӣ кардааст. Саидаҳмад Ерматов замони раёсати Қурмонбек Боқиев мири шаҳри Бодканд таъин шуда буд.
XS
SM
MD
LG