Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонӣ дар робита ба фирори маҳбусон парванда боз кард


Додситонии Кулли Тоҷикистон дар робита ба фирори 25 маҳбус аз боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллии кишвар парвандаи ҷиноӣ боз кард. Хабаргузории "Азия плюс" аз қавли сарвари як раёсати Додситонӣ Ҷамшед Сангов навиштааст, ки ин парванда бар пояи чанд банди Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла бандҳои 104 - “куштор”, 195 – “ғасб ва истифодаи ғайриқонунии силоҳ”, 365 – “фирор аз ҷойи маҳрумият аз озодӣ” ва 252 - “яғмои васоили нақлиёт” ифтитоҳ шудааст. Ҷамшед Сангов афзудааст, ки тафтиши қазия идома дорад. Ҳамзамон мавзӯъи боз кардани парвандаи ҷиноӣ алайҳи масъулини боздоштгоҳ, ки фирори маҳбусон бар асари бесалоҳиятӣ ва бемасъулиятияшон мумкин шудааст, баррасӣ мешавад.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилоъи мақомоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, бо вуҷуди сафарбар кардани ҳама сохторҳои қудратӣ, аз ҷумла, артиш, мақомот ба ошкор кардани ҷойи буду боши маҳбусони фирорӣ муваффақ нашудаанд.
Ёдовар мешавем, ки шаби душанбе 25 маҳбус аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон фирор карданд. Ҳангоми фирор онҳо як нозири ин боздоштгоҳ ва чаҳор нозири боздоштгоҳи муваққати вазорати адлияро ба қатл расонидаанд. Миёни фироркардаҳо Абдурасул Мирзоев, бародари Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи собиқи Горди миллии Тоҷикистон ва ду бародари генерал Мирзо Зиёев, собиқ вазири вазъи изтирории Тоҷикистон, низ ҳастанд.
XS
SM
MD
LG