Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди расвоӣ ба фермерҳои қазоқ


Кишоварзони қазоқ дар ташвишанд, ки гармои шадиди тобистони имсола боиси коҳиши ҳосили зироат ва варшикастагии онҳо хоҳад шуд. Авазхон Доринов, раиси Иттиҳодияи фермерҳои Қазоқистон гуфт, хушксолӣ метавонад мунҷар ба варшикастагии то 20 дарсади фермерҳои қазоқ шавад, чунки гармо ҳосили кишти онҳоро нобуд ва дасти онҳоро аз бозпардохти қарзи бонкҳо кӯтоҳ мекунад.
Бо ин ҳол, раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ахиран зимни боздид аз вилояти Қазоқистони шимолӣ гуфт, тайи 7 моҳи аввали соли равон маҷмӯи маҳсулоти кишоварзии кишвар назар ба як соли пеш 2 дарсад афзоиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG