Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳодисаи нақлиётӣ ҷони 6 нафарро дар Рӯшон рабуд


Бино ба хабари "Авеста", дар натиҷаи як садамаи нақлиётӣ дар роҳи мошинрави Душанбе-Хоруғ 6 нафар кушта шудаанд. Ҳангоми сангрез автомашинаи навъи "Ҳундай" аз баландаии 20 метр ба рудхона сарозер шудааст ва мусофирону ронанда, аз ҷумла 2 кӯдакро об бурдааст. Ҷустуҷӯи онҳо идома дорад. Ин ҳодиса дар қаламрави ноҳияи Рӯшон дар маҳалле бо номи Дашти Возна рух додааст.
XS
SM
MD
LG