Раёсати умури дохилаи Маскав имрӯз як раҳбар ва ду фаъоли мухолифини дар раҳпаймоӣ дар маркази пойтахти Русия боздоштшударо раҳо кард. Борис Немсов, собиқ муовини сарвазири Русия, ҳамроҳ бо яке аз фаъолони мухолифин Михаил Шнейдер ва ҳомии ҳуқуқи башар Лев Пономарёв рӯзи якшанбе ҳангоми раҳпаймоии зидддиҳукуматӣ замони таҷлил аз Рӯзи парчами Русия боздошт шуда буданд. Рӯзи парчам дар Русия баъд аз суқути шуравӣ таъсис шудааст.
Борис Немсов ба бахши русии Радиои Озодӣ гуфт, онҳо дар ҳоле аз сӯи полис боздошт шуданд, ки мехостанд эҳтиромашон ба кишвар ва парчами онро намоиш диҳанд. Додгоҳи маъмурии Маскав ҳукми худро дар робита ба ин се фарди боздоштшуда рӯзҳои сешанбе ва чаҳоршанбе эълон хоҳад кард.