Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дуздии наққошии гаронбаҳои Ван Гог аз Қоҳира


Бовар меравад, ки дуздии наққошии қариб 50-миллиондолларии Винсент Ван Гог аз осорхонаи Қоҳира, пойтахти Миср, дар натиҷаи камбуди амниятӣ муяссар шудааст.
Ин наққошии маъруф бо номҳои “Гулҳои лола” ва “Гулдон ва гулҳо”-ро рӯзи шанбе аз чаҳорчӯбаш берун оварда, бурдаанд ва то ҳол маълум нест, ки куҷост. Додситони аршади Миср Абдулмаҷид Маҳмуд гуфт, аз 43 камераи видео дар осорхонаи Маҳмуд Халил фақат 7 камера фаъол буда, ҳеҷ кадом аз шабакаҳои хабардоркунӣ кор намекард. Ин наққошӣ дар соли 1978 низ дуздӣ шуда буд, вале баъди чанде ёфт шуд.
XS
SM
MD
LG