Имрӯз дар манотиқи шарқӣ ва ҷанубии Афғонистон 4 нафар низомиёни Амрико кушта шудаанд. НАТО гуфтааст, 3 нафари онҳо дар ҳамлаи шӯришиён ва як нафар ҳангоми бархӯрд бо минаи сохти дохилӣ кушта шудаанд. Дар бораи ҷои диқиқи ин кушторҳо маълумот надодаанд, вале гуфта мешавад, ки даргириҳои шадид дар вулусволии Ҷолӣ дар наздикии марз бо Покистон дар вилояти Пактиё идома доштааст. Ҳамзамон Бунёди интихоботи озоду одилонаи Афғонистон гуфтааст, ки дар остонаи интихоботи порламонии 18-ӯми сентябр вазъ дар кишвар мутташанниҷ шудааст.