Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

36 муҳоҷири ғайриқонунӣ дар Руминия боздошт шуданд


Пулиси марзии Руминия ва Маҷористон 36 нафар муҳоҷирони ғайриқонунии Ироқу Афғонистонро, ки дар як мошини ҳомили маводи хӯрока барои ҳайвонот пинҳон шуда буданд, боздошт кардаанд. Пулиси Руминия гуфтааст, ин муҳоҷирон дар як қисмати вижаи мошини борбари Полша пинҳон шудаанд ва ба сӯи Маҷористон мерафтаанд. Онҳоро дар посгоҳи марзии Варсанди Руминия ошкор кардаанд. Онҳо талош доштаанд худро ба яке аз кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо, яъне кишварҳои дорои раводиди Шенҷен бирасонанд. Моҳи март низ ҳамин тавр 50 шаҳрванди Афғонистон аз як мошини борбар дар марзи миёни Руминияву Маҷористон боздошт шуда буданд.
XS
SM
MD
LG