Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаҳои РТР Планета дар Тоҷикистон пахш мешавад


Дар қаламрави Тоҷикистон пахши барномаҳои шабакаи телевизионии "РТР Планета"-и Русия аз сар гирифта мешавад. Тибқи хабари ИТАР-ТАСС, дар ин бора дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Дмитрий Медведев- раиси ҷумҳури Русия дар Сочӣ тавофуқ ба даст омдааст. Пахши барномаҳои ин шабакаи телевизионӣ баҳори соли гузашта ба ибтикори ҷониби Тоҷикистон ба сабаби пардохт нашудани қарзи ин шабака қатъ шуда буд. Дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Русия ҳамчунин хабар додааст, ки ҷонибҳо дар бораи "пахши барномаҳои шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон дар қаламрави Русия низ ба тавофуқи усулӣ расидаанд".
XS
SM
MD
LG