Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирзоаҳмадов шаҳрдории Ӯшро супурданӣ нест


Мелис Мирзоаҳмадов , шаҳрдори Ӯш, дуввумин шаҳри бузурги Қирғизистон ва мунаққиди ошкори ҳукумати марказӣ рӯзи ҷумъа дар ҷамъи тақрибан 2000 тан аз тарафдоронаш гуфт, дар мақоми худ мемонад. Ин изҳорот дар пасманзари шоеъотест, ки давлати Қирғизистон Мирзоаҳмадовро барканор карданист.
Эътирозҳо дар Ӯш 2 рӯз боз идома дошт ва издиҳом рӯзи ҷумъа бозгашти Мирзоаҳмадов аз Бишкекро бо нидои “Урра!” истиқбол гирифт. Мирзоаҳмадов, аз ёрони собиқи Қурмонбек Боқиев, ба тарафдоронаш гуфт, ки ҳукумат ба дар ивази шаҳрдории Ӯш мақоми дигар пешниҳод кард, вале ӯ напазируфт. Ноиби сарвазири Қирғизистон Азимбек Бекназаров, ки барои ором кардани издиҳом ҳамроҳ бо Мирзоаҳмадов дар Ӯш зоҳир шуд, низ гуфт: “Ба Мелис чандин пешниҳод шуд. Ӯ он ҳамаро радд кард. Касе Мелисро барканор накардааст. “
Тазоҳургарон қаблан ба вазири кори Қирғизистон Ойгул Ризқулова, ки низ барои ором кардани издиҳом омада буд, ҳамла оварданд.
XS
SM
MD
LG