Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Чархи гардун" ба додгоҳ кашонда шудааст


Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе нисбати нашрияи «Чархи Гардун» бо ҷурми «тӯҳмат» ва таҳқир ба вакили собиқи парлумони Тоҷикистон Сайвали Нуров, парванда боз кардааст. Масъулони ин нашрия рӯзи сешанбе ба додгоҳ онҳоро даъват ва ба парванда шинос шудаанд. Муҳамадалии Мақсадуллоҳ сардабири ҳафтаномаи мустақили «Чархи Гардун» гуфтааст, ки ҳафтанома ба иштибоҳи фанннӣ роҳ додааст, вале бо вуҷуди созиш бо тараф, ки ҳафтанома тасҳеҳ нашр хоҳад кард, пайвандони вакил ба додгоҳ шикоят бурдаанд.
XS
SM
MD
LG