Тими Тоҷикистон дар нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии варзишкорони наврас дар Сингапур соҳиби медали аввал шуд. Ин нишони биринҷиро барои Тоҷикистон Шукрона Шарифова дар сабқати таэквондо ба даст овард. Шукрона хонандаи синфи 9 мактаби рақами 94-уми Душанбе буда, дар ин мусобиқот дар вазни то 44 кило сабқат мекард.
Тими Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии наврасон дар Сингапур аз 6 нафар – Шукрона Шарифова, гуштигир Баҳодур Қодиров, камонвар Кристина Зайнуддинова дар камонварӣ, гурзандоз Абдуқодир Баротов, муштзан Сиёвуш Зуҳуров ва ҳам Даврон Атобоев дар дав ба масофаи 200 метр иборат аст. Парчами Тоҷикистонро дар расми ифтитоҳи ин Бозиҳо Баҳодур Қодиров бардошта буд.