Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Кӣ Мун барои арзёбии вазъ вориди Покистон шуд


Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, имрӯз барои арзёбии кӯмакҳои башарӣ ба миллионҳо нафар мардуми осебдида бар асари селобҳои бесобиқа вориди Покистон шуд. Бан Кӣ Мун зимни вурудаш ба як пойгоҳи ҳавоӣ ба хабарнигорон гуфт, ба Покистон барои он омадааст, то ба мардум бигӯяд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ “дар ин замони озмоиш” дар канори онҳост. Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири Покистон гуфт, ба эътиқоди мақомот, фалокати табиӣ ҳоло ба бештар аз 10 дар сади аҳолии кишвар асар гузоштааст. Покистон дар таърихи худ шоҳиди чунин бӯҳрони башарӣ нашуда буд. Юсуф Ризор Гелонӣ зимни суханронии телевизионӣ гуфт: "Фалокати табиӣ харобиҳои азиме овард ва тақрибан ба 20 миллион нафар асар гузошт. Бинобар ин тамоми талошҳои ҳукумат ва кӯмакҳои дастрас зоҳиран кофӣ нест." Покистон дирӯз ба хотири қурбониёни селобҳои вайронгар, тамоми маросими идонаи бахшида ба 63 умин солгарди истиқлолашро лағв кард.
XS
SM
MD
LG