Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гейтс хостори кумакҳои шаҳрвандӣ ба Афғонистон шуд


Роберт Гейтс-вазири дифои Амрико аз Конгресс даъват кард, ки бархурд бо Афғонистон тағир дода шавад ва бештар ба ин кишвар кӯмакҳои шаҳрвандӣ расонда шавад. Гейтс дар Сан-Франсиско зимни суханони худ ба ҳуззор гуфт, захираҳое, ки барои фаъолият дар минтақаи ҷанг дар Афғонистон дар ихтиёри вазорати дифоъ гузошта мешавад, ба таври таассуфовар кам аст ва Конгресс бахше аз ин мушкилӣ ба шумор меравад. Роберт Гейтс таззаккур дод, ки қонунгузорон ҳамаи 550 миллион доллари дархостшуда барои будҷаро ба тасвиб расонданд, вале 50 миллион доллар дархости Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаро қайчӣ заданд.
XS
SM
MD
LG