Расонаҳои хабарии Русия иттилоъ додаанд, ки дар ҷараёни тазоҳуроте дар шаҳри Маскав 30 нафар боздошт шудаанд. Тазоҳуркунандагон дар назди шаҳрдории Маскав ба истилоҳ "Рӯзи Ғазаб" баргузор кардаанд. Пулис барои он ин афродро боздошт кардааст, ки онҳо дар тазоҳуроти ғайримуҷоз ширкат ва ҳаракати нақлиётро ба мушкил рӯ ба рӯ кардаанд. Дар миёни боздоштшудагон Лев Пономарёв-раиси гурӯҳи "Барои ҳукқуқи башар" низ ҳаст. Хабаргузории Интерфакс иттилоъ додааст, ки баъзе тазоҳуркунандагон истеъфои Юрий Лужков-шаҳрдори Маскавро тақозо кардаанд, зеро вай дар рӯзҳои аввали сӯхтори ҷангалҳои атрофи Маскав рухсатиашро идома додааст.