Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев аз афзоиши нархи озуқа ҳушдор дод


Раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев имрӯз гуфт, хушксол ва гармову сӯхтори бесобиқа дар кишвараш аз чор як ҳиссаи ҳосили гандумро нобуд кардааст. Дар мулоқот бо гурӯҳе аз кишоварзон ва тоҷирони ғалла дар ҷануби Русия, Медведев гуфт, кишвараш бояд дар мубориза бо пайомадҳои хушксол иттиҳод нишон диҳад ва чораҳои ба эътидол овардани бозорро фикр кунад.
"Мо набояд ба афзоиши нархи ғалла ва ғизои чорво роҳ диҳем. Бояд дар назар дошта бошем, ки он оқибат ба нархи орд, нон, гӯшт ва шир ҳам таъсир хоҳад кард." Медведев ҳамчунин аз поёни вазъи фавқулода дар се минтақаи Русия хабар дод. Пештар Маскав аз 15-уми август то пооёни сол судури ғаллаи худро ба хориҷа манъ карда буд.
XS
SM
MD
LG