Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё сенати Амрико START-ро тасвиб мекунад


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико имрӯз гуфт, мӯътақид аст, ки вакилони кишвараш як паймони муҳими амниятӣ бо Русияро тасвиб хоҳад кард, вале ҳамзамон аз онҳо хост, ин паймонро ба хотири манофеъи амниятии миллии Амрико ҳарчӣ зудтар тасвиб кунанд. Паймони нави коҳиши силоҳҳои стротегиро Амрикову Русия моҳи декабр имзо карданд. Бар асоси паймони мазкур, Русияву Амрико бояд теъдоди мушакҳои фаъоли ҳастаии худро то 1500 адад кам кунад, ки назар ба теъдоди ин навъи силоҳҳо дар соли 2002 30 дар сад камтар аст. Барои тасвиби қатънома бояд 67 вакили сенати Амрико раъйи мувофиқ диҳад. Аз миёни вакилони ҷумҳурихоҳ, танҳо Ричард Лугар аз ин паймон ошкоро ҳимоят кардааст.
XS
SM
MD
LG