Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сенатори собиқ дар суқути ҳавопаймои хусусӣ кушта шуд


Бино ба гузоришҳо, дар ҳодисаи суқути ҳавопаймо дар аёлати Аляска сенатори пешини ин аёлат Тед Стевенс кушта шудааст. Дар ин ҳавопаймои хусусӣ, ки шоми дирӯз дучори мусибат шуд, Шон ОКифӣ-раиси пешини НАСА низ буд, ки раҳбарии бахши Шимоли Амрикоро бар дӯш дорад. Як телевизиони маҳаллӣ аз қавли Дейв Дитман-ҳамкори собиқи Стевен гуфтааст, Стевен низ дар ин ҳодиса кушта шудааст. Аммо ширкати ҳавонавардии ЕАДЗ таъйид кард ва хабарҳои ахир низ ҳокист, ки Шон ОКифӣ ва писараш зинда мондаанд. Аз 9 нафаре, ки дар ин ҳавопаймо будаанд, 4 нафар зинда мондаанд.
XS
SM
MD
LG