Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷопон аз мустамликаи пешини худ узрхоҳӣ кард


Ҷопон имрӯз аз сокинони нимҷазираи Корея барои солҳо дар ҳоли мустамлика нигоҳ доштани он узрхоҳӣ кард. Сарвазири Ҷопон, Наото Кан, гуфт, аз ҳукмронии истеъмории кишвараш бар Кореа дар давраи аз соли 1910 то 1945 амиқан изҳори таассуф мекунад. Ин маъзаратхоҳӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки Кореяи Ҷанубӣ рӯзи 15-уми август аз солгарди истиқлолияти худ дар соли 1945 таҷлил мекунад. Кореяи Ҷанубӣ аз маъзаратхоҳии Ҷопон истиқболи мӯҳтотона кард ва гуфт, умедвор аст, ки акнун давраи муносибатҳои наздиктари байни ду кишвар оғоз мешавад.
XS
SM
MD
LG