Пулиси Афғонистон мегӯяд, ҷангҷӯёни Толиб як зани бордори афғонро бо иттиҳоми зинокорӣ дар мазҳари ом қатл кардаанд.
Бибӣ Санавбари 40-соларо дар вилояти Бодғис ва ноҳияи дурдасти Қодис, ки таҳти контроли Толибон будааст, се рӯз дар зиндон нигаҳ дошта ва пеш аз қатл 200 шаллоқ задаанд. Абдулҷаббор Солеҳ, афсари пулиси Бодғис, гуфт, Мулло Муҳаммад Юсуф, фармондеҳи Толибон дар ноҳия, ҳукми Бибӣ Санавбари бевамондаро содир карда ва худаш ҳам ба сари ӯ тир андохтааст. Толибон мегӯянд, ки чунин коре накардаанд, агарчӣ дар замони ҳукмронии онҳо дар Афғонистон дар солҳои 1999 то соли 2001 ин таҷриба роиҷ буд.