Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон ба кӯмакҳои молии зиёд мӯҳтоҷ мешавад


Жан Маурис Риперт, фиристодаи махсуси Созмони Милал мегӯяд, Покистон барои раъфи паёмадҳои селобҳои фалокатбор ба миллиардҳо доллар кӯмаки молӣ ниёз хоҳад дошт. Жан Маурис Риперт, ки масоили кӯмак ба Покистонро ҳамоҳанг мекунад, гуфт, дар марҳилаи феълӣ садҳо миллион доллар ва барои корҳои барқарорсозӣ дар моҳҳо ва солҳои оянда миллиардҳо доллар зарур хоҳад шуд, бахусус барои вилоятҳои шусташудаи Хайбар Пахтунхва ва Панҷобу Синди Покистон. Муҳаммад Амин, як сокини шаҳри Мингора дар дараи Свот мегӯяд: "Мардуми Свот дар ин селобҳо аз ҳама бештар осеб дидааст. Садҳо нафарро сел шуста бурд. Ҳазорон хона фурӯ рехта ва ҳазорон хонаи дигар осеб дидааст. Бефаъолиятии ҳукумат дар ин замина боиси таассуф аст." Ба гуфтаи мақомоти Покистон, фалокатҳои табиӣ то кунун 1600 нафарро ҳалок карда ва ба зиндагии 14 миллион нафар асар гузоштааст.
XS
SM
MD
LG