Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду мансабдори собиқи Арманистонро зиндонӣ карданд


Ду мақоми собиқи вазорати ҳифзи муҳити зисти Арманистонро бо гуноҳи ришваситонӣ ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кардаанд. Додгоҳи шаҳри Ереван, Тигрон Григориён, раиси собиқи бахши назорати экологии вазоратро ба 7 сол ва муовини ӯ Арсен Петросиёнро, ба 10 соли зиндон маҳкум кардаанд. Ҳарду нафар дар ивази ришва, ҷаримаи як ширкати истихроҷи маъданро кам кардаанд, ки барои олуда кардани вазъи муҳити зист мепардохт. Фасоду ришвахорӣ дар Арманистон, чун дар Тоҷикистон як дарди ҷиддии ҷомеа боқӣ мондааст.
XS
SM
MD
LG