Бенямин Нетаняҳу, нахуставазири Исроил, имрӯз дар мавриди юриши маргбор ба киштии кӯмакрасон барои Навори Ғазза, дар ҳузури кумиссиёни махсуси таҳқиқи ин юриш шаҳодат медиҳад. Дар ин юриш нӯҳ шаҳрванди Туркия ва ҳомии фаластиниён ба ҳалокат расиданд. Баъзе аз ҷаласаҳои ин нишаст, паси дарҳои баста сурат мегирад. Бенямин Нетаняҳу, яке аз се мақоми баландпояи Исроил аст, ки дар мавриди юриши 31 майи нерӯҳои махсуси Исроил ба шаш киштӣ, ки мехостанд муҳосираи Навори Ғазза аз тарафи Исроилро рахна кунанд, шаҳодат медиҳад. Ин юриш боиси эътирози ҷомеаи байналмилалӣ ва тирагии равобит миёни Исроил ва Туркия шуд.