Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Чеченистон 2 шӯриш ва як пулис кушта шуданд


Мақомоти Русия мегӯянд, ки дар ҷараёни як тирандозӣ дар Грозний-маркази Чеченистон 2 шӯришӣ ва як афсари пулис кушта шудаанд. Валентин Талалаев-як мақоми вазорати корҳои дохилаи Чеченистон гуфтааст, шӯришиён дар хонае паноҳ бурда буданд ва маълумот ба даст омада буд, ки онҳо ба низомиёни Русия ва пулиси маҳаллӣ ҳамла мекунанд.
XS
SM
MD
LG