Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон боздоштани содироти гандумро тарҳрезӣ накардааст


Як мақоми расмии вазорати кишоварзии Қазоқистон гуфтааст, Русия барои муттаваққиф сохтани содироти гандум бо Қазоқистон тамос нагирифтааст. Ба гуфтаи Евгений Амон -дабири ин вазорат, онҳо аз Русия дар ин бора санаде ё пешниҳоде дарёфт накардаанд. Мақомоти Русия аз Беларус ва Қазоқистон дархост кардаанд, ки содироти гандуми худро мисли Русия боздоранд. Аммо Евгений Амон мегӯяд, Қазоқистон боздоштани содироти гандумро ба нақша нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG