Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон бар зидди селобҳо дар ҷануб ҳолати омодабош эълон кард


Имрӯз Покистон барои ҳифзи мазореи худ аз селобҳои шадид дар ҷануб ҳолати омодабоши мукаммал эълон кард. Тақрибан ним миллион нафарро аз минтақаҳои офат, ки дар он ҷо шароит ба шиддит бад мешавад, ба ҷойҳои дигар кӯч додаанд. Дар давоми тақрибан ду ҳафтаи ахир офат ба манотиқи шимоли ғарби Покистон зарар расондааст ва селоб ҳамаи деҳоти минтақаро хароб кардааст. Бештар аз 1 500 нафар кушта шудаанд. Тақрибан 3,5 миллион нафар хонаву дари худро аз даст додаанд.
XS
SM
MD
LG