Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳузури Амрико дар маросими гиромидошт дар Хиросима


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бори аввал ҳайъати расмиеро барои ширкат дар маросими ёдоварӣ аз қурбониёни бомбҳои атомӣ дар шаҳри Хиросимаи Ҷопон фиристодааст. Ҷон Росс, сафири Амрико дар Токио дар маросими ёдоварӣ ҳузур дошт, ки инро як аломате аз ҳимояти Барак Обама аз ҷаҳони орӣ аз силоҳи атомӣ хондаанд. Ҳозирони маросим соати 8:15 дақиқаи вақти маҳаллӣ, ба хотираи қурбониён як дақиқа сукут карданд, ки дар ҳамин соат 65 сол пеш рӯзи 6 август Амрико ба Хиросима бомби атомӣ андохта буд. Тахмин мешавад, баъди инфиҷор тахминан 140 ҳазор нафар ҳалок шудаанд. Се рӯз баъд Амрико бомби дуввуми атомиро ба шаҳри Нагасакӣ андохт ва як ҳафта баъд аз ин Ҷопон дар Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум таслим шуд.
XS
SM
MD
LG