Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаҳои нишасти сарони кишварҳои форсизабон дар Теҳрон


Раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод баъд аз мулоқот дар нишасти хабарӣ гуфт, дар нишасти чоруми сарони се кишвар барои тақвияти ҳамкориҳо қадамҳои наве бардошта шуд: "Дар ин нишаст қарор шуд ҳам корро дар ҳавзаи тиҷорат идома диҳем ва ҳам дар заминаи иртиботот, ҷода, хатти рейлӣ барои ҳамлу нақл, интиқоли энержӣ ва иртибототи энержӣ гуфтугӯ ва тафоҳум шуд." Сарони се кишвар дар бобати таъсиси Кумиссюни байнидавлатии сеҷониба ва Шӯрои вазирони умури хориҷии Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон ба тавофуқ расиданд. Қарор аст, ин ниҳодҳои нав ба танзими беҳтар ва таҳкими ҳамкориҳои байни се кишвар мусоидат кунад.
XS
SM
MD
LG