Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чоҳи нафт дар Халиҷи Мексикаро семент пур мекунанд


Ба ширкати нафтии Би Пи иҷоза додаанд, то ба марҳилаи дуввуми амалиёти сарпӯш гузоштан ба чоҳи зериёдарёии нафт дар Халиҷи Мексика шурӯъ кунад. Акнун барои бастани чоҳ, ки аввал бо гил пур карда шуд, ба он семент мерезанд. Тед Аллен,адмирали собиқи амрикоӣ, масъули амалиёти поккории нафт дар Халиҷи Мексика, гуфт, ба ширкати Би Пи иҷоза додааст, марҳилаи дуввуми амалиётро шурӯъ кунад. Резиши нафти зиёд ба Халиҷи Мексика сабаби олудагии манотиқи васеъ ва хисороти зиёди иқтисодӣ ба навоҳии наздисоҳилии Амрико шуд.
XS
SM
MD
LG